Таърихи таваллуд | 18 феврал 1745 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 5 март 1827 (82 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | корандомшиносӣ |
Ҷойҳои кор | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Алесса́ндро Ҷузеппе Анто́нио Анаста́сио Ҷеро́ламо Умберто Во́лта (итол. Alessandro Giuseppe Antonio Anastasio Gerolamo Umberto Volta; 18 феврали 1745, Комо — 5 марти 1827, ҳамон ҷо) — физикдон, кимиёдон ва физиологи итолиёӣ, яке аз асосгузорони таълимот дар бораи неруи барқ.
Дар мактаби ордени иеузитҳо таҳсил кардааст. Омӯзгори физикаи гимназия дар Комо (1774-79), профессор физика дар Университети Павия (1777—819) ва директори факултаи фалсафаи ҳамон донишгоҳ. Таҳқиқоти ӯ ба неруи барқ, кимиё ва физиология оиданд. Ихтироъкори нахустин генератори неруи барқ (1800, ба истилоҳ «сутуни Волта») ва дигар асбобҳои барқӣ (электрофор, электрометр, конденсатор ва ғайра). Соли 1776 гази сӯзанда — метанро ошкор кард ва таҳқиқ намуд. Ӯ аввалин манбаи ҷараёни доими (батареяи кимиёӣ)-ро сохт (1800). Фарқи потенсиалҳои тамоси ду филиззи гуногунро кашф намуда, онҳоро аз рӯйи бузургии шиддати бавуҷудоянда ба қатор гузошт. Усулҳои таъсири физиологии неруи барқро ба инсон таҳқиқ кард (1792-95). Воҳиди шиддати неруи барқ — Волт ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст. Бо ҷоизаи олии Ҷамъияти шоҳии Лондон — Медали Копли (1794) сарфароз гаштааст. Соли 1801 аз Наполеон унвони дарбории граф ва сенаторро гирифтааст.