Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа

Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа
Соли таъсис 1991
Макон
Вебгоҳ ebrd.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа (БАБТ, англ. European Bank for Reconstruction and Development, EBRD) — ниҳоде молӣ аст, ки дар соли 1991 таъсис шудааст ва барои тавсеаи иқтисод ва густариши ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа бо 29 давлати ҷаҳон аз кишварҳои Аврупои Марказӣ то Осиёи Марказӣ барои амалисозии лоиҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама бо корхонаҳои бахши хусусӣ ҳамкорӣ менамояд. Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа соли 1991 ҳамроҳ бо 61 кишвар ва ду созмони байналмилалӣ барои дастгирии иқтисоди бозорӣ ва демократия ташкил шудааст. Қароргоҳаш дар шаҳри Лондони Британияи Кабир воқеъ аст. Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа ҳамчун созмони байналмилалӣ аз имтиёзҳои зиёде бархурдор мебошад, масалан, ҳуқуқи кормандони он дахлнопазир аст.

Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа дар марҳалае ба вуҷуд омад, ки дар давлатҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ сохти сиёсии сотсиалистӣ дигар шуд ва собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ дар бунёди бахши нави хусусӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ муҳтоҷи ёрӣ ва дастгирӣ буданд. Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа бузургтарин сармоягузор дар минтақа буда, ба ғайр аз ҷудо намудани маблағҳои худ, маблағҳои зиёди сармоягузории мустақими хориҷиро низ ҷалб менамояд. Бо вуҷуди он ки саҳомонаш намояндагони давлатанд, Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа бо шарикони тиҷоратиаш асосан корхонаҳои хусусиро маблағгузорӣ мекунад. Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа маблағгузории лоиҳавии бонкҳо, корхонаҳо ва ширкатҳоро амалӣ сохта, ҳам ба истеҳсолоти нав ва ҳам ба ширкатҳои амалкунанда маблағ ҷудо менамояд. Он ҳамчунин бо ширкатҳои давлатӣ бо мақсади дастгирии равандҳои хусусигардонӣ ва навсозии сохтории онҳо, инчунин такмили хоҷагии коммуналӣ ҳамкорӣ мекунад. Хусусиятҳои хосси амалиёти Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа ҷалби васеи маблағҳо бо асъори миллии кишварҳои Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла рубли русӣ мебошад. Мувофиқи ойиннома Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа фаъолияти худро танҳо дар кишварҳое ба роҳ меандозад, ки ба принсипҳои «демократия» пайравӣ дошта бошанд. Ҳифзи муҳити атроф қисми таркибии низоми боэътимод фаъолияткунандаи идораи воҳид буда, дар тамоми амалиёти сармоягузории Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа ба эътибор гирифта мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ саҳоми Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа буда, аз қарзҳои он истифода мебарад. Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа дар Тоҷикистон барои пешрафти фаъолият ба ширкати нӯшобабарории «Оби зулол» ва бонкҳои тиҷоратии хусусӣ қарзҳои дарозмуддат додааст. Ҳамчунин Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа соҳиби қисме аз саҳмияҳои «Агроинвестбонк» мебошад. Сармояи оинномавии Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа дар соли 2008-ум 11,8 млрд евроро ташкил медод.

Эзоҳ

  1. ROR Data — v1.19 — 2023. — doi:10.5281/ZENODO.7644942

Адабиёт