Гулхона

Гулхонаи Сайон-ҳаус да Лондон (1828-30)

Гулхона, оранжерея (фр. orangerie, аз orange — афлесун) — бинои оинабандишудаест барои парваришу тамоми сол нигоҳ доштани гулҳои гуногун, рустаниҳои ҳамешасабз, ситрусӣ ва ғайра.

Гулхонаро бо мақсади парвариши қаламчаи дарахтони мева ва ниҳол низ истифода мебаранд. Ҳарорати гулхона набояд аз 1°С паст фарояд. Гулхонаро ба воситаи офтоб, буғ, оби гарм, барқ ва ғайра гарм мекунанд. Вобаста ба низоми ҳарорат гулхонаҳо ҷанд навъ мешаванд, мас., гулхонаҳои сард (аз 1 то 8°С), гулхонаҳои нимгарм ё муътадил (аз 8 то 15°С) ва гулхонаҳои гарм (аз 15 то 26°С). Агар гулхона гарм карда шавад, пас он гармхона аст. Аз ҷиҳати тарзи бунёд гулхонаҳо якрӯя (боми он якрӯя аст, яъне, ба як самт, маъмулан, ҷониби офтоббаро менигарад), дурӯя (боми он ду сатҳ дошта, одатан, ҷониби офтоббаро ва офтобнишин менигарад), дурӯяи рада-рада (боми он аз 2-5 ё бештар радаҳо иборат буда, онҳо байни ҳамдигар васл гаштаанд) ва ангарӣ (мисли гулхонаи дурӯя аст, вале аз дарун сутун надорад) мешаванд. Гулхонаҳо вобаста ба тарзи ҷой додани рустаниҳо низ тафовут доранд, мас., гулхонаҳои рафакӣ, гулхонаҳои заминӣ, гулхонаҳои рафакию заминӣ ва ғ. Таҳкурсии гулхонаро аз хишт, санг ё тахта мебардоранд; сутунҳояш чӯбин ё оҳанин мешавад. Бомашро бо плёнка мепӯшанд ё шишабандӣ мекунанд. Бари гулхона 3-6 м, дарозиаш 15-20 м, баландиаш 2-2,5 м аст. Қад-қади деворҳо 60-80 см аз замин баландтар рафҳо (барашон то 1 м) месозанд. Баъзан рафҳоро дар мобайни гулхона низ гузошта, роҳрави камбар (бараш 1 м) мемонанд. Чунин гулхонаҳоро, маъмулан, барои парвариши қаламчаву ниҳоли гул, сабзавоти зудрас, пиёзаки рустанӣ ва ғ. истифода мебаранд. Ҳангоми сохтани гулхонаҳои буғӣ ё обӣ аз зери рафҳо (дар масофаи 40 см) қубур мегузаронанд. Барои парвариши рустаниҳои ҳамешасабзи гармидӯст гулхонаҳои махсуси шишакорӣ муҳимманд. Солҳои охир дар бисёр хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ва шахсӣ гулхонаҳои гуногунсохт бунёд намуда, дар онҳо сабзавоту меваҷот парвариш мекунанд. Гулхона барои пажӯҳишҳои илмӣ низ ҷои басо мусоид аст. Аз ин ҷост, ки дар бисёр боғҳои ботаникӣ гулхонаҳо ташкил карда шудаанд.

Гулхонаи Ин-ти ботаника, физиология ва генетикаи рустании АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1967 бунёд шудааст. Гулхонаи КВД «Сабзкорӣ»-и ш. Душанбе 4,1 га масоҳат дорад (2014). Дар он соле зиёда аз 5 млн адад ниҳоли гулҳои гуногуни ватанию хориҷӣ тайёр карда мешавад, мас., Патунӣ, Бӯстонафрӯз, Тоҷи хурӯс, Гули одамрӯ, Мехчагули туркӣ, Лола, Гули марворид, Гули беор, Ҳамешабаҳор, Агератуми мексикоӣ, «Гарсения», «Гентус», «Гайлордия», «Гомфрена», «Салвия», «Синерария», «Тагетис», «Катарантус» ва ғ. Дар ин «гулхона» ҳамчунин ниҳоли дарахтони булут, кастона, сарв, сарви аҳромӣ, девдор, санавбар, ақоқиё, буттаҳои татум ва ғ. парварида мешавад. Барои сабзишу инкишофи хуби рустаниҳои тропикӣ ҳарорати гулхона тирамоҳу зимистон бояд 18-24°С, барои рустаниҳои субтропикӣ 6-14°С бошад. Ба рустаниҳои гулхона асосан нематодаҳо, зиреҳакҳо ва тортанаккана зарар мерасонанд.

Эзоҳ

Адабиёт