| |||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: دریابان | ||||
Кишвар | Русия | ||||
Дараҷаи болотар | Дарёсолор | ||||
Дараҷаи поинтар | Дарёдор | ||||
Ҳамто |
|
Дарёбон (форсӣ: دریابان) — дараҷае солорӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз дарёдор ва поинтар аз дарёсолор дорад ва баробар бо лашкарсолор дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст; вице-адмирал.
Дараҷаи поинтар: Дарёдор |
Дарёбон |
Дараҷаи болотар: Дарёсолор |
«Дарёбон» ба маънои «нигаҳбони дарё» аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: дарё (форсӣ: دریا < порсии миёна: drayāb- < порсии бостон: drayah-) + -бон (форсӣ: بان- > порсии миёна: -bān, -vān < паҳлавӣ: pāna- ‘нигаҳбон, посбон’ < эронии бостон: *√pā- ‘поидан, нигаҳбонӣ кардан’ + -van), ки ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳбон»-ро мерасонад. Ин пасванд дар илҳоқ ба чанд исми маънӣ ба маънои «кунанда, варзанда, доранда» аст. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.
Истилоҳи «дарёбон»-ро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон ҷойгузини дараҷаи низомии «амирулбаҳри дувум» (аз ар. امیرالبحر < фр. admiral «фармондеҳи нерӯи дарёӣ») кардааст.
Адмирал (русӣ: адмира́л < ҳол. admiraal < фр. amiral, admiral < ар. أمير البحر амиру-л-баҳр «дарёсолор») ҳамчун дараҷаи низомӣ дар нерӯи дарёӣ дар Аврупо садаи XII расм шуд (дар Венетсия ва Генуя). Пётри I охири садаи XVII дар Русия ин дараҷаро (генерал-адмирал, адмирал, витсе-адмирал ва контр-адмирал) ҷорӣ намуд.
7 майи 1940 дар Флоти ҳарбии баҳрии СССР дараҷаҳои контр-адмирал, витсе-адмирал, адмирал, адмирали флот таъсис ёфтанд, барои адмиралҳои хидмати инженерии киштӣ унвонҳои инженер-контр-адмирал, инженер-витсе-адмирал, инженер-адмирал ҷорӣ шуд. 3 марти 1955 ба ивази унвони адмирали флот – Адмирали Флоти Иттифоқи Советӣ қабул шуд. Аз 28 апрели 1962 унвони Адмирали Флоти СССР низ ҷорӣ гардид. Барои адмиралҳои хидмати инженерӣ аз 18 ноябри 1971 унвонҳои конт-адмирал-инженер, витсе-адмирал-инженер, адмирал-инженер муқаррар шуданд.