Депортатсия — (аз калимаи лотинӣ - бадарға намудан) рондани шахс ва ё гурӯҳи шахсони муайян ба дигар давлат. Депортатсия одатан нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва ё шахсони бетабаа, ки ба қаламрави дигар давлат ғайриқонунӣ дохил шудаанд, истифода бурда мешавад.