Кабоб - навъи таом, ки аз гӯшти чорво ва парранда (мурғ, кабк, бедона) тайёр мекунанд. Гӯштро 25-35 грамми реза карда намак, мурч ва сирко мезанандю Сипас ба зарфе андохта дар ҷои салқин 1-2 соат нигоҳ медоранд. Думбаро майда-майда реза карда, ба деги тафсон меандозанд ва гӯштро дар он 15-20 дақиқа мепазанд. Кабоби пухтаро ба табақ кашида ба рӯи он пиёз, кабудӣ ва каме сирко мерезанд. Дар байни мардуми тоҷик навъҳои зерини кабоб маъмул аст.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |