Лагофталм (лот. Lagophthaemus) юн. lagoos – заргӯшӣ ва ophthalmos – чашм), заргӯшчашмӣ, пурра ҷафс нашудани пилки чашмон, ки дар натиҷа қарния ва мултаҳима хушкида, дучори илтиҳоб мегарданд. Сабаби Лагофталм мумкин аст фалаҷи асаби рӯй, кӯтоҳии модарзодии пилк ё сӯхтану чаппа тоб хӯрдани он, захмдорӣ, экзофталм ва диг. омилҳо бошанд.
Муолиҷаи Лагофталм ба рафъ сохтани сабаби он нигаронда шудааст; аз доруҳои гуногун, мас., марҳаму чакраҳо низ истифода мекунанд (онҳо хушкидани қарнияро пешгирӣ менамоянд).
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |