Мӯрд

Мӯрд
Myrtus communis
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Myrtus L.

Мӯрд (лот. Mȳrtus) — ҷинси рустаниҳои буттагӣ ё дарахтии ҳамешасабз аз оилаи мӯрдиҳо.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

Баргҳои муқобили ҳамдигар ҷойгиршуда, гули аксар тоқаи дуҷинсаи актиноморфӣ ва ғуҷуммева дорад. Қариб 100 намудаш бештар дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикии Америка ва қисман Авруосиё, Африқо, Австралия ва Зеландияи Нав мерӯяд.

Корбурд

Як намуди мӯрд (Myrtus communis)-po аз қадимулайём чун рустании ороишӣ кишт мекунанд. Баргу поя ва қисмҳон дигари Myrtus communis равғани эфир дорад. Бинобар ин онро чун хӯриши таом ва дар атриёт истифода мебаранд.

Мӯрди соmunis-po дар соҳилҳои баҳри Сиёҳ, Кав­каз ва Қрим дар замини кушод, дар ноҳияҳои дигари мамлакат бошад, дар хонаю гулхонаҳо чун рустании ороишӣ кишт мекунанд.

Хосияти шифоӣ

Барг, тухм ва меваи мӯрдро дар тибби халқии Ҳиндустон, Ара­бистон, Осиёи Ми­ёна ва мамлакатҳои дигар чун дорувор кор мефармоянд. Ибни Сино марҳами баргу ме­ваи мӯрдро барои табобати шикастагии устухон, зарбу лат, омос, захм, ҷӯшоби мӯрдро барои табобат аз заҳри мор ва дуди баргу пояашро барои табобати табларза истифода бурдааст. Ӯ мӯрдро чун воситаи кос­метикӣ (барои нест кардани озах, доғи кунҷитак, бӯи нохуши бадан ва ғайра) низ тавсия кардааст.

Эзоҳ

Сарчашма