Оноре де Балзак

Оноре де Балзак
фр. Honoré de Balzac
Тахаллусҳо: Horace de Saint-Aubin, Lord R’Hoone, Viellerglé ва Saint Aubin
Таърихи таваллуд: 20 май 1799(1799-05-20)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 18 август 1850(1850-08-18) (51 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: румоннавис, мунтақиди адабӣ, нависанда, насрнавис, рӯзноманигор, мунтақиди ҳунарӣ, мақоланавис, dramaturge, ношир
Солҳои эҷод: аз 1829
Забони осор: фаронсавӣ
Ҷоизаҳо:
Knight of the Legion of Honour
Имзо: имзо
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Оноре де Балзак (фр. Honoré de Balzac ; 20 майи 1799, Тур18 августи 1850, Париж) — нависандаи фаронсавӣ, яке аз бунёдгузорони равиши воқеъгароӣ дар адабиёти Аврупо.

Зиндагинома

Оноре де Балзак дар шаҳри Тур дар оилаи деҳқон аз Лангедок Бернар Франсуа Балса (Balssa) (22.06.1746—19.06.1829) таваллуд шудааст. Номи аслиаш Оноре Балзак, ҳиссачаи «де»-ро, ки маънояш ба зодаи дворянӣ аст аз соли 1830 истифода мешавад.

Эҷодиёт

Дар тӯли солҳои 1820–25 ҳашт асари ӯ таҳти имзоҳои гуногун чоп шуд. Романи «Шуанҳо» нахустин асари калони Балзак аст, ки бо он давраи аввали эҷодиёти ӯ ба поён мерасад. Давраи дувуми фаъолияти адабии Балзак аз соли 1829, бо эҷоди силсилаи асар­ҳои «Мазҳакаи инсон», оғоз меёбад. Дар ин давра нависанда асарҳои маш­ҳури худ «Гобсек» (1830), «Пӯс­ти мулоим» (1831), «Полковник Шабер» (1832), «Евгения Гранде» (1933), «Табиби деҳотӣ» (1833), «Годиссари машҳур» (1834), «Падар Горио» (1834), «Музейи қадим» (1938), «Рӯҳонии деҳотӣ» (1839)-ро эҷод намудааст. Романи «Деҳқонон» (1838–47) машҳуртарин асари давраи охири эҷодиёти Балзак мебошад. Ҳамаи ин асарҳо бо номи «Мазҳакаи инсон» машҳу­ранд, ки 90 роману ҳикояи Балзакро дар бар мегирад. Дар онҳо муҳимтарин воқеаҳои иҷти­моию сиёсии замони адиб мав­риди тасвир қарор гирифтаанд. Балзак дар танқиди иллат­ҳои замона ва намояндагони синфи доро басо беамон буд. Эҷодиёти Балзак дар инкишофи вуқӯъгароӣ дар адабиёти ҷа­ҳон нақши муҳим бозидааст. Балзак дар мавзӯи Шарқ асари махсусе эҷод накарда бошад ҳам, амалиёти баъзе қаҳрамо­но­наш дар мамлакатҳои Шарқ мегузаранд. Чунончи, фаъо­ли­я­ти Шарл (қиссаи «Евгения Гранде») дар Ҳиндустон ҷараён гирифтааст. Балзак мухлиси «Гулистон»-и Саъдӣ буда, дар баъзе асарҳояш аз номи ӯ панд гуфтааст.

Тарҷумаи осор бо забони тоҷикӣ

Ба забони тоҷикӣ повести «Гобсек» (1955, тарҷ. Х. Айнӣ), очеркҳои «Бадбахт» ва «Ду муло­қот дар як сол» (1959, тарҷ. Ҳ. Аҳрорӣ), повести «Полковник Шабер» (1974, тарҷ. Ҳ. Аҳрорӣ), романи «Падар Горио» (1983, тарҷ. Ҳ. Аҳрорӣ) чоп шудаанд. «Модарандар» ном пйесаи Балзакро Театри давлатии акаде­мии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ аз соли 1965 то ба имрӯз (2013) чанд маротиба ба саҳна гузоштааст. Роҷеъ ба рӯзгору осо­ри Балзак дар Тоҷикистон мақолаҳои зиёде нашр гардидаанд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Дежуров А. С. Художественный мир О. де Бальзака (на материале романа «Отец Горио») // Зарубежная литература XIX в. Практикум для студентов, аспирантов, преподавателей-филологов и учащихся старших классов школ гуманитарного профиля. — М., 2002. — С. 278—303.
  • Моруа А. Прометей, или жизнь Бальзака. — М., 1967.
  • Обломиевский Д. Д. Основные этапы творческого пути Бальзака. — М., 1957.
  • Реизов Б. Г. Бальзак. — Л., 1960;
  • Сиприо П. Бальзак без маски. — М.: Молодая гвардия. (Серия «ЖЗЛ»). — 2003. — ISBN 5-235-02516-4.
  • Сухотин П. С. Бальзак — 1934 год. — 368 с. (Серия «ЖЗЛ»).
  • Цвейг С., Бальзак, 2 изд. — М., 1962;

Сарчашма