Рахнагар (форсӣ: رخنهگر), ё ҳа́кер (англ. hacker, аз to hack — рахна кардан, буридан, даст ёфтан) — касе, ки аз роёна барои дастёбии ғайримуҷоз ба додаҳо ва маъмулан ба қасди тахриб, баҳра мегирад. Ин вожа ибтидо ба маънии корбари ҷиддӣ ва муштоқи роёна ба кор мерафт.
Ворид шудан ба сомона ё шикаст додани муҳосибот, кунҷковӣ дар иттилооти маҳрамона аз хусусиёти як ҳакер аст. Ҳакер барноманависи кунҷковест, ки садамае ворид намекунад ва ҳатто боиси таҳкими интиқолот мешавад. Имрӯза рахнагар бештар дар заминаи роёна ба кор меравад ва барои ишора ба чандин гурӯҳ аз корбарони роёна истифода мегардад. Вижагии муштараки ин гурӯҳҳо дар истифодаи онҳо аз роёна ва имконоти он дар сатҳи болотар аз сатҳи умумӣ ва пуштибонии тавонманди техникии онҳост ва ду дастаанд:
Агарчи имрӯза вожаи рахна кардан бештар барои ишора ба афрод гурӯҳ аввал ба кор меравад.
Вожаи ҳак соли 1950, замоне, ки ҳанӯз роёна ва фарҳанги диҷитол вуҷуд надошт, тавассути гардонндагони системҳои радиоии омотурӣ ва дар маънои тағйир барои расидан ба амалкарди беҳтар ба кор гирифта шуд.
Бо оғози даврони диҷитол ва ба вижа асри компютер вожаи ҳакер (англ. hacker) низ маънои наве гирифт ва умуман ба як хурдафарҳанг (ҷомеае бо як фарҳанги иштирокӣ) муташаккил аз барноманависону муҳандисони электроникаи озмуда гуфта мешуд, ки бо додани роҳкорҳои нав, уфуқи кор бо роёнаро густариш медоданд. Аъзои ин ҷомеа (ҳакерҳо) нақши басазое дар ба вуҷуд омадан ва ҳамагир шудани бисёре аз падидаҳои даврони интернет доштанд. Падидаҳои чун системъомили Юникс, Юзнет, веб ва ҷунбиши нармафзори озод.
«Jargon File» чунин шарҳ медиҳад: