| |||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: سرهنگیار | ||||
Кишвар | Tajikistan | ||||
Дараҷаи болотар | Сарҳанг | ||||
Дараҷаи поинтар | Саргурд | ||||
Ҳамто |
|
Сарҳангёр (форсӣ: سرهنگیار) — дараҷае сардорӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз саргурд ва поинтар аз сарҳанг дорад ва баробар бо новхудо дувум дар нерӯи дарёӣ аст; подполковник.
Дараҷаи поинтар: Саргурд |
Сарҳангёр |
Дараҷаи болотар: Сарҳанг |
Сарҳангёр дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми созмонии фармондеҳи гурдон ва ё ҷонишини фармондеҳи ҳангро дорад.
«Сарҳангёр» аз ду вожа сохта шудааст: сарҳанг + ёр. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати (исм (сарҳанг) + таквож (ёр)) аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркибу иштиқоқ истифода шудааст.
Дар «Таърихи Байҳақӣ» ва «Таърихи Сиистон» сардороне, ки дар радифу мартабаи сарҳангон будаанд, «сарҳангшумор» (форсӣ: سرهنگشمار) номида шудаанд.
Дар сохтори нерӯҳои мусаллаҳ «подполковник» дараҷае поинтар аз «полковник» аст. Ин дараҷаро дар кишварҳои инглисизабон «lieutenant colonel» меноманд, ки «lieutenant» дар он вожае фаронсавӣ ба маънои «ёвар, ҷонишин, муъовин» аст, ки аз забони русӣ дар забони форсии тоҷикӣ ҳам вом гирифтаву «лейтенант» шудааст. Дар забони форсии имрӯз таквожи «ёр», сарфи назар аз ин ки пасванд шумурда шавад ё вожае мустақил, ба исми ҳирфа ё исми масдар мепайвандад ва исми ҳирфае месозад, ки дар як сохтори силсиламаротибӣ зери дасти як мақоми болотар анҷоми вазифа мекунад. Пасванди «-ёр» дар вожаҳое чун «додёр» (муовини додситон; додситонёр), «донишёр», «устодёр» ҳамин маъноро мерасонад.
Фарҳангистони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш дар соли 1935 «сарҳангёр»-ро ба ҷои дараҷаи «ноиби сарҳанг» (форсӣ: نایب سرهنگ) ниҳода буд, вале дертар «сарҳанги дувум» (форсӣ: سرهنگ دوم) ҷойгузини он шудааст.
«Сарҳангёр» барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «подполковник» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.