англ. Sylvester Stallone | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | англ. Sylvester Gardenzio Stallone |
Таърихи таваллуд: | 6 июл 1946 (77 сол) |
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпешаи синамо, коргардони филм, филмноманавис, таҳиякунандаи филм |
Корнома: | 1968 — то ҳол |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0000230 |
sylvesterstallone.com(англ.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Силвестер Сталлоне (англ. Michael Sylvester Gardenzio Stallone /stəˈloʊn/; итол. ; тав. 6 июли 1946, Ню Йорк, ИМА) — ҳунарпеша, коргардони филм, таҳиякунандаи филм ва филмноманависи амрикоӣ. Дар тӯли фаъолияти ҳунарии худ ӯ дар беш аз 50 филм нақш офаридааст, аз ҷумла дар силсилаҳои «Рокки», «Рэмбо», «Бемасрафҳо», «Нақшаи фирор», ки дар сетои аввалаш ӯ ҳамчун филмноманавис, коргардон ва таҳиякунанда даст дошт.
Номзад ба ҷоизаи «Глобуси тиллоӣ» барои нақши Рокки Балбоа дар филми аввал ва баранда барои нақши ӯ дар ҳафтум филми сериал мебошад. Секарата номзад ба ҷоизаи «Оскар» барои нақши Рокки Балбоа дар филмҳои аввал ва ҳафтум, инчунин навиштани филмнома барои филми аввал шудааст. Барандаи ҷоизаҳои «Зуҳал», «Сезар» ва «Гузиниши мунтақидон» аст.
Дар Ню Йорк ба дунё омадааст. Падари ӯ, сартарош Фрэнк Сталлоне-калонӣ (англ. Frank Stallone, Sr., 1919—2011), — муҳоҷир аз Сисилиё буда модараш, Жаклин Либофиш, аз аз табори фаронсавӣ-яҳудӣ буд.
Сталлоне пешниҳоди нақшофарӣ дар филмҳои «Ҷонсахт» (Крепкий орешек) ва «Терминатор»-ро напазируфтааст.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |