Продюсери филм – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки истеҳсол ва паҳнкунии филмро ташкил ё (ва) маблағгузорӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин дар интихоби ҳунарпешаҳо ва коргарони техникӣ барои филмҳо саҳмгузор шуда метавонад. Вазифаи кинопродюсерро коргардонони филм, сенариянависон ва ҳунарпешаҳо иҷрокарда метавонанд.
Касби кинопродюсер - продюсери филм дар солҳои 1910-ум дар Ҳолливуди амрико ба вуҷуд омадааст. Ҳоло дар Академияи синамои Амрико ҷоизаи нахустин кинопродюсери классикӣ — Ирвинг Талберг ҷорӣ шудааст, ки ба беҳтарин продюсерони филм супорида мешавад.