Фарзия

Фарзия (ар. فرضیه‎), ингора (форсӣ: اِنگاره), гипо́теза (юн.-қад. ὑπόθεσις) — як тавзеҳи пешниҳодӣ барои як падида ё рухдод аст; Ба гунае дигар бояд гуфт, ки фарзия як ҳадси мантиқӣ ва озмоишпазир (озмудани фарзия бо дигар донистаҳо) мубтанӣ бар падидаҳоест, ки дар ҷаҳони табиат мушоҳида мекунед.

Одатан, фарзия дар асоси як қатор мушоҳидаҳое (мисолҳо), ки онро тасдиқ мекунанд, баён мешавад ва барои ҳамин шабеҳи ҳақиқат аст. Фарзияро минбаъд ё исбот мекунанд, ё ба далели воқеии муайяншуда табдил медиҳанд ва ё рад намуда (масалан, бо овардани далелҳои зид), ба қатори тасдиқоти дурӯғин таҳвил медиҳанд. Фарзияи исботнашуда ва раднашуда мушкилаи баҳснок ном дорад. Дар истилоҳоти имрӯза фарзия — дар шакли ҳукм ва ё ҳукмҳо баён шудаи тахмину пешбинӣ ва ё пешгӯии чизе мебошад: масалан «пешгӯии табиат» дар шаклбандии қонунҳои илмҳои табиатшиносӣ. Дар ин ҳолат мазмуни ибтидоии «фарзия» ба мазмуни мафҳуми «фарзияи илмӣ», ки ҳукми тахминиро дар бораи робитаҳои қонунӣ (ва ё сабабӣ) — и зуҳурот ифода мекунад, ворид мешавад. Ба қавли И.Кант — "фарзия ин орзӯю хаёл нест, балки андеша дар бораи вазъи воқеии ашёст, ки таҳти назорати қатъи ақл қарор мегирад. Он яке аз воситаҳои ташреҳи далелҳои воқеӣ ва мушоҳидаҳо — маълумоти таҷрибавӣ ба шумор рафта, дар аксари ҳолатҳо аз рӯи қоидаи — «ҳар чизеро, ки мо шарҳ додан мехоҳем, монанди он аст, ки аллакай мо онро медонем».

Эзоҳ

  1. An Etymological Dictionary of Astronomy and Astrophysics - 1. dictionary.obspm.fr. 16 сентябри 2020 санҷида шуд.
  2. Scientific Hypothesis vs Theory vs Law(англ.). Futurism. 16 сентябри 2020 санҷида шуд.