Унвони мақола | англ. Russian Woman |
---|---|
Иштирокдори | Eurovision Song Contest 2021 |
Мавзӯъи аслӣ | gender stereotype ва Феминисм |
Шакли асари халлоқона | Тарона |
Жанр | ҳип-ҳоп, мусиқии рақсӣ, мусиқии поп ва traditional folk music |
Иҷрокунанда | Манижа Сангин |
Кишвари созанда | |
Забони навиштаҷот ё осор/асар | русӣ ва инглисӣ |
Таърихи интишор | 8 март 2021 |
Оҳангсоз | |
Муаллифи матнҳо | Ori Kaplan ва Манижа Сангин |
Давомнокӣ | 178 сония |
«Russian Woman» (англ. — «Зани рус» ё ин ки «Зани Русия») — суруди овозхони тоҷик Манижа Сангин, ки дар мусобиқоти байналмилалӣ мусиқии «Евровижн-2021» Русияро муаррифӣ карда буд. Ин суруд аввалин бор дар даври интихобии мусобиқоти мусиқии «Евровижн-2021», ки 8 марти соли 2021, аз ҷониби шабакаи аввали телевизионии Русия бо овози Манижа Сангин садо дод ва аз тарафи доварону тамошобинон бо соҳиб шудани холҳои зиёд нисбат ба рақибон, ба озмуни мусиқӣ байналмилалии «Евровижн-2021» роҳ ёфт.
Даври финалии озмуни мусиқии Евровижн-2021, ки 22 майи соли 2021, дар шаҳри Роттердам, давлати Ҳолланд баргузор гардид, бо соҳиб шудан ба 204 хол дар байни иштирокчиёни ин озмун Манижа Сангин бо иҷрои суруди Russian Woman ҷойи нуҳумро ишғол кард.
Суруди Russian Woman моҳи марти соли 2021 дар шакли ададӣ ба кулли ҳаводоронаш пешниҳод гардид.
Навори видеоии Манижа Сангин ба суруди Russian Woman («Зани рус»), ки бо он Русияро дар 65-умин озмуни байналмилалии «Евровижн-2021» дар Роттердами Ҳолланд апрели соли 2021 муаррифӣ карда буд, дар шабакаи расмии озмун, дар YouTube миёни 39 клипи иштирокчиёни намоиши соли 2021 беш аз 6,7 миллион тамошобин пайдо карда, дар байни онҳо машҳуртарин шудааст.